Гамоназаниҳо дар бораи сарнавишти БАРҶОМ аз таблиғот то ақлоният
Бо муаррифии Доналд Трамп баунвони раисҷумҳури ояндаи Амрико, суханони ғайримутаорифи ӯ зидди тавофуқномаи ҳастаии Эрон (БАРҶОМ) бори дигар матраҳ ва гамоназаниҳо дар бораи эҳтимоли лағви ин тавофуқнома аланӣ шудааст.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар изҳороте дар сафараш ба Аврупои шарқӣ Амрикоро “муваззаф ба иҷрои БАРҶОМ” донист. Зариф гуфт, “Мутаассифона, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто дар давлати феълӣ батаври комил ба мавориди тавофуқшуда амал накардааст, аммо мо муътақидем, ки БАРҶОМ тавофуқе маъқул ва хуб барои ҳама аст, БАРҶОМ тарҷеҳи мост, аммо ин бадин маъно нест, ки мо гузинаҳои дигаре надорем”.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон низ дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп гуфт, БАРҶОМ “як қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал” аст ва “бо тасмими як давлат қобили тағйир нест”.
Доналд Трамп дар мунозироти интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико БАРҶОМ-ро “фоҷеа” ва бадтарин тавофуқномаи дунё” хонд ва таҳдид кард, дар сурати роҳёбӣ ба Кохи Сафед дар ҳамон рӯзи аввал БАРҶОМ-ро пора хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, Валид Форс, мушовири сиёсати хориҷии Доналд Трамп, пас аз пирӯзии ӯ дар интихобот гуфт, Трамп дар паи пора кардани БАРҶОМ нест, балки хостори музокираи муҷаддад ва бозбинӣ дар БАРҶОМ аст.
Албатта бархе мухолифони БАРҶОМ мисли Арабистон, ки худро захмхурдаи БАРҶОМ мебинанд, савор бар ин мавҷ шуда ва ба заъми худ тавсияҳое дар ин хусус ба коргузорони Амрико кардаанд.
Туркӣ Файсал, раиси собиқи иттилооти Арабистони Саудӣ ва сафири собиқи ин кишвар дар Амрико ва Англия гуфтааст, давлати ояндаи Доналд Трамп, набояд тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳониро пора кунад, балки бояд Эронро ба хотири ончи вай “фаъолиятҳои бесуботкунанда”-и Эрон дар Ховари Миёна (ғарби Осиё) унвон кард, муохиза кунад.
Албатта ончи токунун дар тавсифи Трамп гуфта шуда, суханони мутаноқизаш аст. Ҳарчанд, ки вай пеш аз ин ҳам ба ин масъала машҳур будааст, аммо вай агар андаке ба тавсияи мушовиронаш таваҷҷуҳ кунад, дар ин сурат баъид аст, ки бадунболи дур шудан ва ихтилоф бо шуракои байналмилалии Вашингтон бошад.
Изҳороти ахири Федерика Могеринӣ дар вокуниш ба гамонаҳои матраҳшуда дар бораи тасмимоти эҳтимолии Трамп дар бораи БАРҶОМ, таклифи бисёре аз ҳарфҳоро мушаххас кард. Могеринӣ дар мусоҳиба бо шабакаи CNN гуфт, тавофуқи ҳастаии Эрон, тавофуқе дуҷонибаи байни Эрон ва Амрико нест, ин тавофуқе чандҷониба аст, ки дар қолаби қатъномаи Шӯрои амният дар Созмони милал тасвиб шудааст.
Шояд битавон изҳороти Трамп дар мунозираҳои интихоботиаш дар бораи БАРҶОМ аз пора кардан то лағви якҷонибаи онро ба ҳисоби масрафи таблиғотии дохилӣ гузошт, аммо замоне, ки ингуна изҳорот аз марҳалаи ҳарф бигузарад ва дар қолаби як гузина дар сиёсати хориҷии Амрико матраҳ шавад, қатъан мебоист бар мабнои усули байналмилал ва дар чорчуби тааҳҳудот дар қиболи тасмимгириҳо дар сатҳи Шӯрои амният бо он бархурд шавад.
Фосила миёни ҳарф то амал бар асоси ақлоният ва мантиқ пас аз он мушаххас хоҳад шуд, ки Трамп тими сиёсати хориҷиашро муаррифӣ кунад, аммо дар ҳар ҳол ин таҳаррукот нишонаи ҳамон воқеиятест, ки раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноташон ба муносибатҳои мухталиф ва дар табини аҳдоф ва душманиҳои Амрико хотирнишон ва тасреҳ кардаанд, ки Амрико дар паи фурсат барои таҳмили хости худ ба миллати Эрон аст.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори масъулони низом (14-и июн) бо ишора ба завоёи пурибҳоми санади БАРҶОМ, ки заминаи ии сӯиистифодаи тарафҳои муқобилро фароҳам кардааст, таъкид карданд, ҷумҳурии исломӣ ибтидоан БАРҶОМ-ро нақз нахоҳад кард, зеро вафои ба аҳд дастури қуръонӣ аст, аммо агар таҳдиди номзадҳои раёсатҷумҳурии Амрико мабнӣ бар пора кардани БАРҶОМ амалӣ шавад, ҷумҳурии исломӣ БАРҶОМ-ро оташ хоҳад зад, ки ин кор ҳам дастури қуръонӣ дар бораи нақзи аҳди мутақобил аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ вуҷуди душмании ошкори Амрико бо Эронро фаротар аз ихтилофоти маъмули байни давлатҳо донистанд ва афзуданд, зоти Амрикои кунунӣ ҳамон зоти Амрикои даврони Рейган аст ва ҳеч тафовуте миёни демократ ва ҷумҳурихоҳ вуҷуд надорад.