Раисӣ : Рафъу беасарсозии таҳримҳоро бо қувват дунбол мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i77806-Раисӣ_Рафъу_беасарсозии_таҳримҳоро_бо_қувват_дунбол_мекунем
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони якшанбешаб гуфт : Давлати Эрони рафъу хунсосози(беасарсози) и таҳримҳои золимонаро бо қувват дунбол мекунад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 06, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Рафъу беасарсозии таҳримҳоро бо қувват дунбол мекунем

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони якшанбешаб гуфт : Давлати Эрони рафъу хунсосози(беасарсози) и таҳримҳои золимонаро бо қувват дунбол мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, оятуллоҳ Саидиброҳими Раисӣ дар гуфтугуи зиндаи телевизиюнӣ бо миллати бузурги Эрон ба ироаи матнҳои пешниҳодии Эрон дар қолаби ду мавзӯи " лағви таҳримҳои золимона " ва " масоили ҳастаӣ " ба тарафи муқобил дар музокироти ахир дар Вена ишора карду афзуд: Имрӯз ба дунё собит шудааст ки Эрони муқтадиронаву иззатмандона дар музокирот ширкат мекунад .
Оятуллоҳ Раисӣ бо баёни инки рафъу хунсосозии таҳримҳои золимона авлавияти давлати Эрон аст, изҳор дошт: То кунун беш аз 100 нишасту тамос бо сарону мақомоти кишварҳои мухталиф дошта ва дар ин гуфтугӯҳо бар иродаи Ҷумҳурии исломӣ барои густариши иртибототи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо ҷаҳон таъкид кардааст.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба сафари ахири худ ба Тоҷикистон низ ишора кард ва гуфт : Пас аз ин сафар равобити иқтисодиву тиҷории ду кишвар 3 баробар шудааст .
Оятуллоҳ Раисӣ дар идома бо ишора ба ҳузураш дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай ва низ нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ "ЭКО " хотирнишон кард: Ин 2 нишаст фурсате буд, то Теҳрон битавонад фазои наверо барои густариши равобит бо ҳамсоягону кишварҳои минтақа фароҳам кунад .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин аз имзои чандин қарордод бо кишварҳои ҳамсоя хабар доду афзуд: Ин қарордодҳо ба зудӣ расонаӣ хоҳанд шуд .