Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти Параосёии 2021
(last modified Tue, 07 Dec 2021 09:38:52 GMT )
Декабр 07, 2021 14:38 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти Параосёии 2021

Чаҳорумин  давраи бозиҳои Параосёии ҷавонон дар Баҳрайн аз 2 то 6 декабри соли ҷорӣ бо ҳузури наздик ба 800 варзишкор дар 9 риштаи варзишӣ баргузор шуд.

Корвони Эрон бо 111 варзишкор дар риштаҳои паратенниси рӯи миз, парабадминтон, паратаеквандо, голбол, парадав ва майдонӣ, парашино, паравазнабардорӣ, баскетбол бо вилчер ба ин давра аз бозиҳо эъзом шуд.

Ин корвон бо номи «Мудофеони саломат» дар ин мусобиқот ширкат кард.

Эрон дар се давраи гузаштаи ин рақобатҳо муваффақ ба касби унвони дувум шуда буд, ки ба мизбонии Ҷопон, Малайзия ва Иморот баргузор шуда буд.

Корвони Ҷумҳурии исломии Эрон дар чаҳорумин давраи ин рақобатҳо дар Баҳрайн муваффақ ба касби унвон қаҳрамонӣ шуд.