Декабр 07, 2021 16:26 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Амрико ба дунболи идомаи буҳронофаринӣ дар минтақа аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, Амрико пас аз фурӯпошии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ва пирӯзии ҷабҳаи муқовимат, ба дунболи буҳронофариниҳои ҷадид дар минтақа аст.

Дарёбон Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Файсал Миқдод, вазири умури хориҷаи Сурия дар Теҳрон бо табйини шароити ҳоким бар минтақа, тавтеаи эҷоди буҳрони амниятӣ дар Сурияро як тарҳи амрикоӣ - саҳюнистӣ хонд ва нисбат ба паёмадҳои хатарноки он ки метавонад амнияти кулли минтақаро дучори осеб кунад, ҳушдор дод.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки ишғолгарӣ аз сӯи ҳар кишваре дар Сурия муҷиби идомаи ноамнӣ ва густариши доманаи хушунат хоҳад шуд, афзуд: Сарнавишти ҳар гуна таҷовузу ишғолгарӣ дар таърих ҷуз ақибнишинӣ ва шикасти хиффатбор чизи дигаре набудааст.

Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо маҳкум кардани таҷовузи мустамари режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия, ин ҳамалотро дар истимрори таҷовузоти ваҳшиёнаи ин режим ба Фаластин ва Лубнон баршумурд ва тасреҳ кард: Муқовимат ва ситези қаҳромез танҳо роҳи дафъи ғудаи саратонии саҳюнизм аз минтақа аст.

Шамхонӣ ҳамчунин бо ишора ба равобити роҳбурдии Эрон ва Сурия дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, таъсири он ба соири бахшҳо, ба вижа ҳавзаи иқтисодиро мавриди таъкид қарор дод ва омодагии комили Эронро дар ин замина эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Сурия низ бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Эрон аз мардум ва давлати Сурия гуфт: Бо шикасти ҷабҳаи муттаҳиди терроризм ва эҷоди суботи нисбӣ дар Сурия, фасли ҷадиде дар ҳамкориҳои ду кишвар бо авлавияти муносиботи иқтисодӣ оғоз шудааст.

Файсал Миқдод ҳузури низомии ғайриқонунии Амрико дар Сурияро ноқизи асли ҳокимияту таҷовуз ба тамомияти арзии ин кишвар унвон карду афзуд: Амрико ба дунболи эҳёи ҳастаҳои террористӣ барои ҷилавгирӣ аз эҷоди суботи пойдор дар Сурия аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп