Музокиракунандаи аршади Эрон вориди пойтахти Австрия шуд
Музокиракунандаи аршади Эрон, барои идомаи музокироти Вена бо ҳадафи рафъи таҳримҳои золимона, дар садри ҳайате вориди Вена, пойтахти Австрия шуд.
Алии Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Эрон қарор аст, барои ройзаниҳои дипломатии пеш аз нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом, бо Энрике Мора, муовини дабири кулли Сервиси иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва раисони ҳайатҳои Чину Русия дидор кунад.
Даври тозаи нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом панҷшанбе дар сатҳи раисони ҳайатҳои музокиракунандаи гурӯҳи 1+4 , Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон азсар гирифта мешавад. Музокиракунандаи аршади Эрон дар ду рӯзи гузашта бо мақомҳои аршади Русия ва Чин дар хусӯси охирин вазъияти музокироти Вена ва матнҳои пешниҳодии Эрон перомуни лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ, музокира кардааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид дорад, ки пешнависи ироа шуда дар чорчӯб БарҶом аст ва бар ҳамин асос интизор дорад, ки тарафҳои муқобил бо пешниҳодҳо ва посухҳои мушаххас шомили лағви таҳримҳо дар музокирот ширкат кунанд.
Эрон бовуҷуди иҷро нашудани тааҳҳудоти Ғарб дар Бар Ҷом, барои музокироти самарбахш ба манзури дастёбӣ ба тавофуқҳои хуб дар гуфтугӯҳо ҳозир шуда ва барои муваффақияти музокирот мусаммам аст.