Декабр 09, 2021 20:15 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ба зудӣ бо баргузории иҷлоси муштарак дар Теҳрон тавсеъаи ҳамкориҳо вориди марҳалаи нав мешавад
    Раисӣ : Ба зудӣ бо баргузории иҷлоси муштарак дар Теҳрон тавсеъаи ҳамкориҳо вориди марҳалаи нав мешавад

Раисони ҷумҳурии Эрону Туркия дар гуфтугӯии телефонӣ бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи иқтисодӣ ва мубориза бо тероризм таъкид карданд.

Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯии телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳурии Туркия  бо таъкид бар аҳамияти равобити Теҳрон - Анқара дар заминаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ хотирнишон кард : Ба зӯдӣ ва бо баргузории иҷлоси муштарак дар Теҳрон тавсеъаи ҳамкориҳо вориди марҳалаи ҷадиде мешавад .
Раиси ҷумҳурии Туркия низ ҳамкориҳои ду кишвар ба хусӯс дар заминаи иқтисодӣ ва амниятиро муҳим донист ва гуфт : Акнун эдеяи ҳамкориҳои муштарак дар байни кишварҳои минтақа ҳоким шудааст ва сафарҳову ройзаниҳои ахир нишон аз муваффақияти он дорад .
Вай зимни таъкид бар баргузории нишастҳои муштараки ҳамкорӣ байни Теҳрону Анқара афзуд : Дар сафари ояндаи худ ба Теҳрон равобити ду кишвар вориди фасли ҷадиде аз тавсеъа хоҳад шуд .
Эрону Туркия ба далели масоили геополитикӣ,иштирокот ва пайвандҳои торихӣ, фарҳангӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ ва манобеи табиӣ аз кишварҳои таъсиргузор дар минтақа маҳсуб мешаванд ва таъмиқи равобити ду кишвар омили муҳим барои эҷоди суботу зомини амнияти минтақа аст .
Аз дидгоҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ ва ҳамсӯ дар авлавияти сиёсати хориҷии он қарор доранд, бисёре аз мушкилоти кунунии минтақа аз ҷумлаи тероризми бархоста аз мудохилоти фароминтақаӣ ва ҳузури бегонагон аст ва ҳалли ин мушкилот низ ниёзманди ҳамгаройӣ ва талоши кишварҳои минтақаӣ хоҳад буд .
Бар ҳамин асос мақомоти Эрону Туркия низ дар моҳҳои ахир ройзанӣ дар хусӯси таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалиро афзоиш дода ва бар зарурати субот, амният ва оромиш дар ҳавзаи ғарби Осиё ва тавваҷуҳ ба сиёсати ҳамсоягӣ ва афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар, таъкид кардаанд .

Ардуғон пештар дар дидор бо раиси ҷумҳурии Эрон дар ҳошияи иҷлоси ЭКО дар Ашқобод бо баёни инки кишвараш тавсеъаву тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ бо Ҷумҳурии исломии Эронро зарурӣ медонад, гуфт : Метавонем дар сатҳи равобиту муносиботи ду кишвар ба вижа дар бахшҳои иқтисодӣ, ҷаҳиш эҷод кунем .

Нигоҳе ба равобити Эрону Туркия нишон медиҳад ба рағми ихтилофоти сиёсӣ ва рақобатҳои минтақаӣ ин ду кишвари ҳамсоя бо ҳудуди 500 километри марзи муштарак ҳамвора ҳифзи равобити дӯстонаву густариши равобити иқтисодиро зарурӣ донистаанд ; зарфияти тиҷории Эрону Туркия ҳудуди 30 миллиард доллар аст, ки дар чанд соли ахир ба далели шуюъи коронаву таҳримҳои ғайриқонунии Амрико зидди Эрон ба ҳудуди 9 миллиард доллар расидааст.
Манофеи Эрону Туркия дар тавсеъаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба аст, ки метавонад бо ниҳоӣ шудани санади ҳамкориҳои дарозмуддати ду кишвар ҳар чӣ бештар таҳаққуқ ёбад ; ин санад эҳтимолан дар сафари ояндаи раиси ҷумҳурии Туркия ба Теҳрон ба имзои мақомоти ду кишвар хоҳад расид .
Ҳамакнун зарфиятҳои гуногун дар бахшҳои саноъатӣ, кишоварзӣ, хадамоту гардишгарӣ, нафт, газ ва саноати кимиё дар ду кишвар вуҷуд дорад, ки метавонад дар тадвини ин санад мавриди тавваҷуҳ қарор гирад.

Барсом Муҳаммадӣ-коршиноси масоили минтақаӣ дар ин бора мегуяд : Санади ҳамкориҳои дарозмуддати Эрону Туркия дар эҷоди фурсатҳову зарфиятҳои ҷадид ва фаҳми муштарак аз манофеи миллӣ ва минтақаӣ мутақобил аз тариқи ҳамоҳангии роҳбурдҳои калон дар равобити ду кишвар муассир хоҳад буд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп