Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо устондори Хуросони Разавӣ
(last modified Fri, 10 Dec 2021 20:11:27 GMT )
Декабр 11, 2021 01:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо устондори Хуросони Разавӣ

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо устондори Хуросони Разавӣ дидору гуфтугӯ кард.

 Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ асри имрӯз, ҷумъа, 19 озар (11 декабр) дар маҳалли дафтари устондор дар Машҳад (воқеъ дар шимоли шарқи Эрон) тайи нишасте самимона бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Яъқубалии Назарӣ дар ин дидор изҳор дошт, бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои хуби кишвари Тоҷикистон ба роҳатӣ метавонем муровидоти муносибе байни ду кишвар дошта бошем.

Устондори Хуросони Разавӣ афзуд, маҷмуаи кишварҳои Осиёи Миёна, тоҷирони хосе доранд, ки дар ҳавзаи муровидоти иқтисоду тиҷорат алоқаманд ҳастанд ва аз ин рӯ ин фазову омодагӣ барои тавсеаи равобит вуҷуд дорад.

Назарӣ идома дод: Омодагӣ дорем то бо меҳварияти утоқи бозаргонӣ ва ҳузури сафирони минтақа, мушкилоти туҷҷорро баррасӣ кунему раванди муровидотро осон созем.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор хитоб ба устондори Хуросони Разавӣ изҳор дошт, хидмат дар Машҳадурризо тавфиқи музоафе аст ва умед аст дар масъулияти ҷадид маншаи хадамоти хубе бошед.

Собирӣ идома дод, ба ҷиҳати собиқаи фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон иҷмои хубе байни ду кишвар вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба зарфиятҳои Тоҷикистон гуфт: Саъй кардем бо авлавияти кори иқтисодӣ, иқдомотро дунбол кунем. Бо ин вуҷуд ҳаҷми мубодилоти хубе миёни ду кишвар тайи як соли ахир ба вуҷӯд омадааст.

 

Бештар бихонед: