Медали тиллои Маҳтоби Набавӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии паратэквандо
(last modified Sun, 12 Dec 2021 05:58:55 GMT )
Декабр 12, 2021 10:58 Asia/Dushanbe
  • Бонуи паратэквандои эронӣ бар ҷойгоҳи қаҳрамонии ҷаҳон истод
    Бонуи паратэквандои эронӣ бар ҷойгоҳи қаҳрамонии ҷаҳон истод

Бонуи паратэквандои эронӣ бо бартарӣ муқобили намояндаи Туркия бар ҷойгоҳи қаҳрамонии ҷаҳон истод.

Ба гузориши ИРНА, Маҳтоби Набавӣ-намояндаи паратэквандои Эрон дар вазни 57 - килограм ( KF) дар нуҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии паратэквандо дар шаҳри Истанбул бо бартарии 34 бар 27 баробари ҳарифе аз Туркия, ба медали тилло расид.
Дар рӯзи дувуми ин рақобатҳо имрӯз ( якшанбе ) муборизоти вазнҳои -65 ва 65 + килограм занон ва -70, -80 ва 80+ килограм мардон баргузор хоҳад шуд, ки дар ин рӯз Маҳдии Пурраҳнамо, Алиризои Бахт, Ҳомиди Ҳақшинос ва Роиҳаи Шаҳобӣ намояндагони Эрон ҳастанд .
Нуҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии паратэквандо бо ҳузури 264 варзишкор аз 41 кишвар аз дируз ( шанбе ) ба мизбонии шаҳри Истанбули Туркия оғоз шуд ва ба муддати ду рӯз идома дорад.



Бештар бихонед :