Бархе бозигарону ҳувиятҳои номашрӯъ ба дунболи иқдомоти тахрибӣ ҳастанд
(last modified Mon, 13 Dec 2021 11:26:16 GMT )
Декабр 13, 2021 16:26 Asia/Dushanbe
  • Бархе бозигарону ҳувиятҳои номашрӯъ ба дунболи иқдомоти тахрибӣ ҳастанд

Музокиракунандаи баландпояи Ҷумҳурии исломии Эрон раванди музокирот дар Венаро рӯ ба пешрафт хонд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алӣ Боқирии Канӣ дар музокирот бо гуруҳи 4 +1 дар гуфтугӯе дар бораи охирин раванди музокироту изҳороти вузарои хориҷаи се кишвари аврупои ва аз ҷумла изҳороти вазири хориҷаи Британия, ки гуфта ин охирин фурсат барои Эрон барои бозгашт ба мизи музокира бо пешниҳодоту азми ҷиддӣ аст, гуфт : Бархе аз бозигарону ҳувиятҳои номашрӯъ, ки сирфан ҳаёташон дар танишзоӣ ва иқдомоти тахрибӣ аст, талоши ҷиддӣ доранд, ҳам дар фазои беруни утоқи музокирот иқдомоти тахрибиро анҷом диҳанд, ки дар арсаву раванди музокирот таъсири манфӣ бигузорад ва ҳам дар таъомулу пайванде, ки бо бархе аз бозигарони саҳна музокирот доранд, талош мекунанд фазои музокиротро фазои ғайрисозанда ва тахрибӣ кунанд .

Вай афзуд : Бар ин асос бархе изҳороте, ки аз сӯи бархе бозигарон дар саҳнаи музокирот шунида мешавад,нишонгари рафтори мутаноқизи онҳост ва бояд барои афкори умумии худашон ин рафтори мутаноқизро тавҷеҳ кунанд, ки чи тур аз як тараф иддао мекунанд, ки ба дунболи эҳёи Барҷом ҳастанд ва ба дунболи ин ҳастанд, ки шароите фароҳам шавад, ки ҳамаи тарафҳои дахил дар Барҷом ба таъаҳҳудоташон баргарданд ва аз тарафи дигар бо як бозигаре, ки ҳуввияташ дар танишзоӣ ва иқдомоти тахрибӣ аст, пайвандҳои роҳбурдӣ эҷод мекунанд, ки он ҳуввияти номашрӯъ ҳамаи талошаш бар ин буда ва ҳаст, ки масири тавофуқу музокиротро барҳам бизананд .

Даври ҳафтуми музокирот дар давлати ҷадиди Эрони 29 ноямбр бо баргузарии нишасти ифтитоҳияи Комиссиюни муштараки Барҷом оғоз шуд ва тавофуқ шуд, ки коргурӯҳи рафъи таҳримҳо баргузор шаваду баъд аз он ҳам коргурӯҳи ҳастаӣ дар сатҳи коршиносон ташкили ҷаласа дод ва дар ниҳоят чаҳоршанбеи гузашта ҳайати эронӣ ба раёсати Алӣ Боқирии Канӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷа ду санад ба тарафи муқобил ироа кард .



Бештар бихонед :