Ҳамкории Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон бо Иттиҳодияи Аврупо
(last modified Mon, 13 Dec 2021 12:18:52 GMT )
Декабр 13, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон бо Иттиҳодияи Аврупо

Мудири кулли амалиёти байналмиллалӣ ва барномаҳои башардӯстонаи Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон аз тавофуқ барои ҳамкории ин ҷамъият ва ҳайати Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Ҷамъияти ҳилоли аҳмар, Ҳасани Исфандиёр дар дидор бо ҳайати эъзомии Иттиҳодияи Аврупо аз ибрози омодагии Ҳилоли Аҳмар барои пазируфтани масъулияти иҷрои бахшӣ аз иқдомоти Иттиҳодияи Аврупо дар барномаҳои иҷрои соли 2022 дар ҳавзаи мудирияти буҳронҳои ношӣ аз ҳаводису балоёии табиӣ ва инсонӣ хабар дод.

Исфандиёр гуфт : Ағлаби мабоҳису мавзӯъоти ҳамкориҳои муштарак бо Иттиҳодияи Аврупо бар сари посухгуӣ ба 2 буҳрони хушксолӣ дар кишвар ва ҳуҷуми оворагони афғонистонӣ ношӣ аз мухосимоти ахири он кишвар ба марзҳои шарқии Эрон буд .
Мудири кулли амалиёти байналмиллалӣ ва барномаҳои башардӯстонаи Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Эрон афзуд : Ба иқрори  ҳайати эъзомии Иттиҳодияи Аврупо ба Теҳрон, Ҷамъияти ҳилоли аҳмар дорои барномаи мунсаҷим,иқтизоӣ ва стратегӣ барои муқобила бо ҳаводис аст .

Бо ҳамоҳангии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳайате аз Иттиҳодияи Аврупо вориди Теҳрон шудааст.
Ҳайати 6 нафараи Иттиҳодияи Аврупо ба сарпарастии Соро Ринолди-раиси идораи ғарби Осиё ва Осиёи марказии идораи кулли шарокатҳои байналмиллалии Комиссиюни Аврупо дар бораи коҳиши хатарпазирии Эрон дар ҳаводису балоҳо ва муқобила бо буҳрону хушксолӣ бо масъӯлони Ҳилоли аҳмар гуфтугӯ карданд .