Баҳрабардорӣ аз се майдони муштараки нафтии Эрон
(last modified Sun, 13 Nov 2016 10:19:38 GMT )
Ноябр 13, 2016 15:19 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз се майдони муштараки нафтии Эрон

Се тарҳи тавсеаи майдонҳои нафтии Эрон имрӯз бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар устони Хузистон, ҷанубу ғарби Эрон фазаи нахустини тарҳи тавсеаи майдони “Ёдоварон”, фазаи нахустини тарҳи тавсеаи майдони “Озодагони Шимолӣ” ва тарҳи тавсеаи майдони “Ёрони Шимолӣ”-ро ифтитоҳ кард. Ин майдонҳои нафтӣ аз ҷумлаи майдонҳои муштараки Эрон бо Ироқ ба шумор мераванд. Барои тавсеаи майдони нафтии “Ёдоварон” ду миллиарду 900 миллион доллар сарф шуда, дар ибтидо тавлиди рӯзона 85 ҳазор бушка дар ин майдон ҳадафгузорӣ шуда буд, аммо ин мизон дар ҳоли ҳозир ба 115 ҳазор бушка дар рӯз расидааст.

Алӣ Кордар, мудири кулли Ширкати миллии нафти Эрон дар остонаи расман мавриди истифода қарор додани се тарҳи тавсеа‎ии бузурги ин ширкат дар минтақаи ғарби Рӯди Корун гуфт, бардошти рӯзонаи нафти хом аз майдон‎ҳои ин минтақа беш аз 260 ҳазор бушка дар рӯз аст.