Декабр 14, 2021 10:35 Asia/Dushanbe
  • Эрон қурбонии ҳамалоти киберӣ аст

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Эрон қурбонии ҳамалоти рӯзафзӯни киберӣ ҳамчун Stuxnet аз сӯи Амрико ва Исроил аст.

Маҷиди Тахтравончӣ дар нахустин нишасти муҳтавоии гурӯҳи кории боз(кушода)-и амният ва корбурди фанновариҳои иттилооти иртибототи Созмони Милали Муттаҳид бо истиқбол аз поёни фарояндҳои мувозии амнияти киберӣ ва канор рафтани султаи гуруҳи маҳдӯде аз кишварҳо бар фазои киберӣ, аз Гурӯҳи кории боз ба унвони як фароянди шаффофу шумулгаро ҳимоят кард.

Тахтравончӣ бо ёдоварии ин матлаб, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон қурбонии ҳамалоти рӯзафзӯни киберӣ ҳамчун Stuxnet аз сӯи Амрико ва режим Исроил будааст, Гурӯҳи кории бозро маҳали муносибе барои расидагӣ ба ин иқдомоти ғайриқонӯнӣ донист ва тасреҳ кард, ки ҳар гуна тавассул ба зӯр дар фазои киберӣ мардӯд аст.

Нахустин нишасти муҳтавоии Гурӯҳи кории боз(кушодаи)-и амният ва корбурди фанновариҳои иттилооти иртиботот ба раёсати намояндаи доими Сингапур дар Созмони милал ва бо ҳузури намояндагони кишварҳои узв дар маҳали дабирхонаи Созмони милал дар Ню-Йорк рӯзи душанбе оғоз ба кор кард.

 

Барчасп