Декабр 16, 2021 16:37 Asia/Dushanbe
  • Набуди ибтикори амал дар тарафи ғарбӣ, омили сустии пешрафти музокироти Вена аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар хусуси музокироти Вена ва бархе масоили мавриди эҳтимоми муштарак, гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ изҳор дошт, тими музокиракунандаи эронӣ бо ибтикори амал ва ихтиёри лозим дар музокироти Вена ҳузур дорад ва бо ҷиддият барои расидан ба тавофуқи хуб талош мекунад.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома, надоштани ибтикори амал дар тарафи ғарбиро аз омили кундии пешрафт дар музокирот хонд ва таъкид кард, Эрон матнҳои пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзуъ, лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ ба тарафи муқобил ироа кардааст.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки матнҳои пешниҳодии Эрон мунтабиқ ба БарҶом аст, афзуд, Эрон мутолибаи фаротар аз БарҶом матраҳ накард ва дар ҳоли ҳозир ҳеҷ тааҳҳуде низ фаротар аз БарҶом намепазирад.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид бар ин ки тарафи эронӣ дар музокирот пешниҳодоти худро ироа кард, ки метавонад мабнои тавофуқи пойдор бошад, изҳор дошт, ҳамонтавре, ки борҳо Эрон таъкид карда, лозимаи рафъи нигарониҳои иддаои тарафҳои ғарбӣ, лағви комилли таҳримҳои БарҶом аст.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин ба тавофуқи нави Эрон бо Ожонси байналмилалии энержи атомӣ ишора кард ва гуфт, мутаоқиби маҳкумияти харобкорӣ дар сойти Караҷ аз тарафи мудири кулли Ожонси байналмилалии энержи атомӣ, Эрон ба унвони ҳусни ният эълом кард, ки иҷозаи насби дурбинҳоро дар ин сайт хоҳад дод.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон бо ҳусни ният ва ибтикори амали фаъол ба дунболи расидан ба як тавофуқи хуб аст, аммо забони таҳдидро ба ҳеҷваҷҳ бар наметобад, афзуд, тарафҳои ғарбӣ бояд бидонанд, ки забони таҳдид дар қиболи Эрон натиҷаи маъкус медиҳад.

Дабири кулли СММ низ дар ройзании телефони гуфтугӯҳои Венаро муҳим хонд ва изҳор дошт, муътақидем БарҶом санади муҳим аст ва сохтори он барои сулҳу суботи байналмилалӣ бисёр корбурдӣ аст.

Гутерриш дар идома зимни тақдир аз иқдомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкори бо Ожонси байналмилалии энержи атомӣ ва мувофиқат бо насби дурбинҳо дар сайти Караҷ, ин иқдомро нишондиҳандаи ҳамкории хуби Теҳрон бо ожонс хонд, ки дар фароянди эътимодсозӣ дар ҷараёни музокирот таъсири мусбат хоҳад дошт.

Дабири кулли Созмони Милал бо баёни ин ки СММ ҳамвора аз БарҶом ҳимоят кардааст, афзуд, мо аз тамоми абзорҳои Созмони Миллали Муттаҳид истифода хоҳем кард ва талошҳои худамонро дар пеш хоҳем гирифт то музокироти Вена натиҷаи хуб дар пай дошта бошад.

Барчасп