Декабр 17, 2021 21:30 Asia/Dushanbe
  • Фардо - пешбинии бориши борон дар бештари устонҳои Эрон

Коршиносони ҳавошиносии Эрон гуфт, пешбинӣ мешавад боришҳое, ки аз соатҳои поёнии имрӯз дар бештари манотиқи кишвар, ҳамроҳ бо вазиши боди шадид оғоз мешавад, фардо ҳам идома дошта бошад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Фаребо Гударзӣ афзуд, аз соатҳои поёнии имрӯз дар устонҳои шимоли ғарб, ғарб ва ҷануби ғарби Эрон иртифоот ва доманаҳои Загроси марказӣ ва шимолӣ, бориши борон, вазиши боди шадиди муваққат ва гоҳе раъду барқ рух медиҳад ва ҳамчунин дар иртифоъоту доманаҳои Албурзи марказӣ низ интизори бориши парокандаи боронро дорем.

Коршиноси Созмони ҳавошиносии Эрон афзуд, дар рӯзҳои оянда боришҳо дар манотиқи сардсеру кӯҳистонӣ ба шакли барф рух медиҳад.

Бо тавваҷуҳ ба вазиши боди шадид, эҳтимоли тӯфони барф вуҷуд дорад ва ҳамчунин пешбинӣ мешавад шимоли халиҷи Форс аз имрӯз то якшанбе маввоҷ бошад.

 

 

 

Барчасп