Поёни нишасти Комиссияи муштараки БарҶом
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i78330-Поёни_нишасти_Комиссияи_муштараки_БарҶом
Чаҳорумин нишасти Комиссияи муштараки БарҶом дар ҳафтумин давр аз музокироти Вена ба поён расид.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 17, 2021 22:22 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти Комиссияи муштараки БарҶом

Чаҳорумин нишасти Комиссияи муштараки БарҶом дар ҳафтумин давр аз музокироти Вена ба поён расид.

Нишасти Комиссияи муштараки БарҶом, ки бо ҳузури намояндагони Эрон, гурӯҳи 1 + 4 ва Иттиҳоди Аврупо дар меҳмонхонаи Кобург баргузор шуд, поён ёфт ва қарор шуд гуфтугӯҳо пас аз чанд рӯзи вақфа пайгирӣ шавад.

Ин давр аз музокирот панҷшанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва ҳайатҳо билофосила кор бар рӯйи мутун ва талош барои коҳиши ихтилофотро оғоз кардаанд.