Декабр 18, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

13 ҷамоди ул аввали 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 18 декабри 2021 ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (раз.) аст.

Иродатмандони хонадони Паёмбар(с) бо ҳузур дар масоҷид, ҳусайнияҳо, амокини мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакӯтии ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас ва ҳазрати Маъсума  (а) дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон) дар оини сӯгвории шаҳодати мазлӯмонаи духтари Набии Акрам (с) ширкат мекунанд, вале имсол бадалели шуюи вируси корона ин маросимот басӯрати маҷозӣ баргузор мешавад.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) дар бистуми ҷамоди ул сонии соли панҷуми биъсат дар Маккаи Мукаррама ба дунё омаданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷимоди ул сонии соли панҷуми биъсат дар Маккаи мукаррама ба дунё омаданд ва аз кӯдакӣ таҳти роҳнамои‎ҳои падари бузургворашон бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 соли зиндагӣ, ба ривояте, дар 13-уми ҷамодиюлаввал ва ба ривояте, дар савуми ҷамодиюссонии соли 11-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд, аммо улгӯи комилеро аз як зани мусалмон барои ҳама занони таърих ба мерос ниҳоданд.

Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) ба ривоятиро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегуяд.