Тими миллии вазнабардории Эрон ноибқаҳрамон ҷаҳон шуд
-
Тими вазнабардори Эрон дар ин рақобатҳо 548 имтиёз касб кард
Тими миллии вазнабардории мардони Эрон бо касби 541 имтиёз ноибқаҳрамони мусобиқоти вазнабардории ҷаҳон дар Узбекистон шуд.
Ба гузориши ИРНА, тими вазнабардории мардони Эрон дар ин давра аз рақобатҳо бо касби 548 имтиёз тавонист бар ҷойгоҳи дувуми қаҳрамонии ҷаҳон қарор гирад.
Русия бо 581 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ ва Узбекистон низ бо 525 имтиёз ба унвони сеюмӣ даст пайдо кард.
Тимҳои Эрон, Русия ва Узбекистон бо 10 вазнабардор дар ин давра аз мусобиқот ширкат карда буд.

Мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷаҳон рӯзҳои 7 то 18 декабр дар Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор мешавад.
Дар ин давра аз мусобиқот 432 вазнабардор (245 мард ва 187 вазнабардори зан) ҳузур доранд. Тими занони Эрон низ бо 151 имтиёз дар радаи 23-уми бахши занони мусобиқоти Тошканд қарор гирифт.
Бештар бихонед: