Боқирии Канӣ: Таваққуфи музокирот хости Эрон набуд
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, таваққуфи музокирот хост Эрон набуд.
Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷа Эрон гуфт, Эрон дар ин марҳала хостори таваққуфи музокирот дар Вена набуда, балки аз ибтидо тавофуқ кардем, ки лозимаст пас аз расидан ба пешнависи тавофуқ, истироҳат дошта бошем.
Вай афзуд, Эрон аз ибтидо бар зарурати истимрори музокирот барои дастёбӣ ба пешнависи мавриди тавофуқ таъкид дошт.
Боқирии Канӣ гуфт, агар тарафи муқобил дидгоҳҳо ва мавозеъи мантиқии Ҷумҳурии Исломии Эронро бипазирад, гуфтугӯҳои давр ҷадид метавонад охирин даври музокирот бошад ва дар кутоҳтарин замон ба тавофуқ бирасем.
Вай хотирнишон кард, суръати дастёбӣ ба тавофуқ бастагӣ ба тарафи муқобил дорад.
Дар даври ҳафтуми музокирот, ҳайати музокиракунандаи Эрон, тайи ибтикори амли ҷиддӣ, мутуни пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзу "лағви таҳримҳои золимона" ва "масоили ҳастаӣ" ба тарафи муқобил ироа кардааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба унвони кишваре масъулиятпазир борҳо эълом кардааст, бо тавваҷуҳ ба инки Амрико тарафе буда, ки тавофуқи БарҶом-ро нақз карда бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст, иҷрои тааҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.
Бештар бихонед:
- Боқирии Канӣ: Эрон чизе камтар аз БарҶомро намепазирад
- Таҳлил: Эътирофи Бликин ба инзивои Амрико пас аз хуруҷ аз БарҶом