Декабр 18, 2021 10:59 Asia/Dushanbe
  • Иршодӣ : Тасвибкунандагони қатъномаи зидди Эронӣ ,ҳомиёни аслии нажодпарастӣ
    Иршодӣ : Тасвибкунандагони қатъномаи зидди Эронӣ ,ҳомиёни аслии нажодпарастӣ

Муовини намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи зидди эронии ҳуқуқи башарӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони миллал изҳор дошт, тасвибкунандагони ин қатъномаи муғризона ва ғайри созанда, ҳомиёни аслии нажодпарастӣ ва ишғолгарӣ ҳастанд.

Заҳро Иршодӣ бо баёни ин ки  100 кишвар бо ин қатънома ҳамроҳӣ  накарданд изҳор дошт, замони он расидааст, ки намояндагони ин 100 кишвар ба қаҳрамонони худхондаи ҳуқуқи башарӣ, ки аз тариқи эъмоли нуфуз, фиребкорӣ ва ироаи иттилооти нодуруст ба дунболи салби озодии кишварҳои мустақил ҳастанд, эътироз кунанд .

Муовини  намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Миллал афзӯд, баррасии  феҳрести ҳомиёни аслии қатънома аз қабили Канада, Амрико, режими кудаккӯши Исроил ва бархе кишварҳои ғарбӣ, баёнгари ин воқеъият аст, ки ҳомиёни аслии нажодпарастӣ,  ишғолгарӣ  ва ононе,  ки муртакиби  қатлҳои фаҷеҳи  бумиён ҳастанд, гирди ҳам омадаанд, то дигаронро ба риояти ҳуқуқи башар мавъиза  кунанд.

Иршодӣ дар идома тасреҳ кард, мумкин аст Ғарб дар муқобили ҷиноёти ҳавлноки Канада сукут ихтиёр кунад,аммо таърих ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки дар сарзамини ба истилоҳ озодагон, ҳазорон кӯдаки бумӣ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта ва ба қатл расидаанд ва аҷсоди онон ёфт шудаанд.

Муовини намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии  Эрон дар Созмони Миллал дар поён гуфт, ҳомиёни ин қатънома бештар алоқаманд ба касби имтиёз ва истифодаи абзорӣ аз ҳуқуқи башар ҳастанд ва чунин қатъномаҳое низ тавсияӣ аст.

Иршодӣ пеш аз ин низ дар ҳангоми тасвиби қатъномаи  зидди эронӣ  дар кумитаи севуми Маҷмаъи умумии Созмони Миллал тасреҳ карда буд, ин қатънома нишондиҳандаи таҳрифи  гузинишӣ ва сиёсии воқеъиятҳои мавҷуд ва намоёнгари сиёсати хасмона ва  тааммудии таҳрики дигарон ба эронҳаросӣ аст.

Бештар бихонед:

Барчасп