Бар тараддуд аз марзҳо бо диққату ҷиддият назорат шавад
(last modified 2021-12-19T05:22:05+00:00 )
Декабр 19, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Бар тараддуд аз марзҳо бо диққату ҷиддият назорат шавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷаласаи Cитоди миллии муқобила бо корона таъкид кард : Дар тараддуд аз марзҳо бо диққату ҷиддият назорат шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона бо таъкид бар зарурати тавваҷуҳ ба контроли тараддуд аз марзҳои кишвар, гуфт : Ҳифозат аз ҷону саломатии мардум эҷоб мекунад, ки тараддуди афрод бавижа аз кишварҳои бо эҳтимоли сирояти бештар, бо ҷиддият контрол шавад .

Раиси ҷумҳурии Эрон дар идома хотирнишон кард : Маҳдудиятҳо набояд мушкиле барои тараддуди зарурии мардум эҷод кунад .
Раисӣ бо ташаккур аз ҳамроҳӣ ва эътимоди мардум дар риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ афзуд : Имрӯз мардум ба хубӣ итилоъ доранд, ки бо риояти усули беҳдоштӣ метавон аз осебҳои баъдии бемории корона ҷилавгирӣ кард ва дар ин росто давлат комилан ба арзиши ҳамроҳӣ ва ҳамдилии мардум воқиф аст ва талошҳои худро барои ҳимоят аз ҷони мардум ҳамчунон бо қувват идома хоҳад дод .

 

Барчасп