Декабр 20, 2021 13:49 Asia/Dushanbe
  • Размоиши неруҳои мусаллаҳ бар фарози нерӯгоҳи атомии Бушаҳр

Муовини сиёсӣ ва амниятии устондори Бушаҳр дар ҷануби Эрон аз баргузарии размоиши неруҳои мусаллаҳ бар фарози нерӯгоҳи атомии Бушаҳр хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Муҳаммадтақии Эронӣ-муовини сиёсӣ- амниятии устондори Бушеҳр дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт : Дар ростои омодагии лозим барои афзоиши тавони падофандии неруҳои мусаллаҳ, бомдоди имрӯз душанбе размоише бар фарози нерӯгоҳи атомии Бушаҳр баргузор шуд .

Эронӣ афзуд : Ин размоиш бо омодагии лозиму ҳамоҳангии комили неруҳои мусаллаҳ баргузор шудааст.

Муовини сиёсӣмниятии устондори Бушаҳр ҳамчунин гуфт : Пеш аз ин низ иттилоърасонӣ дар хусуси ин размоиш анҷом шуда буд .
Эронӣ хотирнишон кард : Размоиш дар ҷануби устони Бушаҳр ва халиҷи Форс будааст .


Бештар бихонед :


 

 

Барчасп