Декабр 21, 2021 12:50 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани корона ба 3 миллион шаҳрванди афғонистонии муқими Эрон

3 миллион муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон воксани корона тазриқ карданд.

Муовини амниятии вазири кишвари Эрон бо ишора ба ин ки ҳудуди 4 миллион нафар муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон ҳастанд, гуфт: 3 миллиону 400 ҳазор доза воксан ба шаҳрвандони афғонистонӣ тазриқ шудааст.

Ҳусайни Зулфиқорӣ дар нишасти хабарии худ бо Филипо Гронди, комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон гуфт: Дар соли ҷорӣ 500 нафари дигар ба ин теъдод изофа шуд ва бо масъулони Толибон низ ҳамоҳанг шуд то аз муҳоҷирати ғайризарур ва безобита пешгирӣ шавад.

Вай афзуд: 526 ҳазор донишомӯз 51 ҳазор донишҷӯи афғонистонӣ ҳам дар мадорису донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд.

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон гуфт: То замоне, ки ин бесуботиҳо ҳаст, шоҳиди коҳиши оворагон нахоҳем буд. Сиёсатҳои ғалату дахолатҳои беҷо дар минтақа боис шуда то ҳамвора оворагоне бошанд ва ин кори моро сахт кардааст.

Зулфиқорӣ бо қадрдонӣ аз комиссари олии паноҳндагони Созмони Милал хотирнишон кард: Ин кумакҳо дар қиболи ҳазинаҳое, ки анҷом мешавад, бисёр ночиз аст.

Вай бо ишора ба ҳудуди 2 ҳазор километр марзи муштараки заминӣ бо Афғонистон ва Покистон гуфт, бахше аз осебҳои мавҷуд дар ин марзҳо иттифоқ меуфтад.

Зулфиқорӣ бо ишора ба ин ки мо ҳазинаҳои таъмини амнияти Аврупо ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупоро мепардозем, гуфт: Ин кумакҳо дар ҳадди илтиём ба бахше аз ҷомеаи оворагон аст, дар ғайри ин сурат ҳазинаҳое, ки мо пардохт мекунем, бисёр болотар аз ин аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп