Ду футболисти тоҷикистонӣ ба Персполис пайвастанд
Декабр 21, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
Саранҷом пас аз гуфтумонҳои фаровон ду футболисти тоҷикистонӣ расман ба ҷамъи сурхпӯшон пайвастанд.
Ба гузориши “Шафақно”, саранҷом пас аз чанд ҳафтаи билотаклифӣ, ду бозикуни тоҷикистонии мадди назари бошгоҳи Персполис қарордодашонро имзо карданд.
Ин ду бозикуни собиқи Истиқлоли Тоҷикистон, ки амалкардашон мавриди таъйиди Яҳё Гулмуҳаммадӣ қарор гирифта буд, барои имзои қарордод бо Персполис ба Теҳрон сафар карда буданд, вале баста будани панҷараи нақлу интиқолоте монеи имзои қарордоди онҳо шуда буд.
Дар ниҳоят, пас аз боз шудани панҷараи Персполис ин ду нафар соате пеш ҳар кадом бо имзои қарордоде ба муддати се фасл ба ҷамъи сурхпӯшон пайвастанд.
Бештар бихонед:
- Интизори бозикунони тоҷик барои имзои қарордод бо Персполис
- Ҳузури Ҳаннонов ва Сафаров дар тестҳои пизишкии Персполис
Барчасп