Декабр 22, 2021 14:51 Asia/Dushanbe
  • Сафари Амирабдуллоҳиён ба Боку

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон озими Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон субҳи чаҳоршанбе ба манзури гуфтугӯ ва табодули назар дар хусуси роҳҳои густариши муносиботи дуҷониба ва ҳамчунин таҳаввулоти минтақаӣ, бо мақомоти олирутбаи ҷумҳурии Озарбойҷон, дар садри ҳайате озими Боку, пойтахти он кишвар шуд.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ аз сафари раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ба Боку хабар дода буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе низ дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Исломобод бо Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дидору гуфтугӯ кард ва онҳо аз раванди рӯ ба рушди равобит иброз хурсандӣ карданд ва ҳамчунин охирин таҳаввулоти марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро мавриди баҳсу табодули назар қарор доданд.

 

Барчасп