Декабр 23, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои муваффақиятомези амалиёти паҳподҳои таҳоҷумӣ дар размоиши Паёмбари аъзам (с)

Сухангӯи бахши заминии размоиши Паёмбари аъзам (с) 17 аз иҷрои муваффақиятомези амалиёт тавассути паҳподҳои таҳоҷумӣ ва дифоии қотеъ ва мустаҳками нерӯҳои вижа дар савоҳили ҷанубӣ дар ин размоиш хабар дод.

Генерал Ҳамиди Сархелӣ дар ҳошияи баргузории сеюмин рӯзи размоиши Паёмбари аъзам (с) 17 гуфт: Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ростои иҷрои тамриноти солиёна, иқдом ба баргузории ин размоиш кардааст.

Генерал Сархелӣ тасреҳ кард, дар ин марҳала аз размоиш, амалиёти нерӯҳои вижаи “Собирин” барои зарба задан ба душман, ки аз мабодии мухталиф (ҳавоӣ, заминӣ ваадрёӣ) қасд нуфӯз доштанд, анҷом шуд.

Вай афзуд, дар ин размоиш ҳамчунин аз паҳподҳои интиҳорӣ, чӣ дастпартобҳо ва чӣ дурпарвозҳо бо қудрати инфиҷории бисёр хуб бо муваффақият истифода шуд.

Генерал Сархелӣ бо баёни инки дар бахши аввали размоиш амалиёти зидди ҳеллибурн ва дифо аз савоҳил ба хубӣ анҷом шуд, гуфт, нерӯи заминии сипоҳ бо ба коргирии паҳподҳои размӣ ва таҳоҷумии бурди амалиётии худро алайҳи душман густариш додааст ва амалиёти онҳо бо муваффақият анҷом шуд.

Размоиши муштараки Паёмбари аъзам (с) 17 –и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба муддати панҷ рӯз аз рӯз (душанбе) дар савоҳили Халиҷи Форс, Тангаи Ҳурмуз ва минтақаи умумии устонҳои Ҳурмузгон, Бушеҳр ва Хузистон бо ҳузури ягонҳое аз нерӯҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳаво-фазоии сипоҳ ва ҳамчунин бархе аз ягонҳои мардумпояи басиҷи мустазъафин дар ҳол баргузорист.

 

Барчасп