Декабр 23, 2021 19:13 Asia/Dushanbe
  • Интихоби футболисти эронӣ ба унвони бозикуни соли Русия

Сардор Озмун, ситораи тими миллии футболи Эрон ба унвони бозикуни соли 2021 лиги Русия интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардор Озмун муҳоҷими эронии тими Зенит, соли 2021-ро хеле олӣ ба поён бурд ва ӯ беҳтарин бозикуни соли Русия интихоб шуд.

Дар назарсанҷии анҷомшуда Сардор Озмун бо касби 140 имтиёз ба унвони бозикуни соли 2021 лиги Русия интихоб шуд.

Ситораи эронӣ дар таркиби Зенит дар ин фасл 8 гол ба самар расонд ва яке аз муҳраҳои таъсиргузори қаҳрамони лиги Русия будааст.

 

Барчасп