Декабр 24, 2021 20:54 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Валодати ҳазрати Исо (а) фурсате ҷиҳати ёдоварии усваи навъи дӯстӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме бо табрики мелоди ҳазрати Исо (а) ба раҳбари католикҳои ҷаҳон, гиромидошти валодати ҳазрати Исо (а)-ро фурсате ҷиҳати ёдоварии усваи навъи дӯстӣ ва башоратдиҳандаи растгории мустазъафон унвон кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар паёме бо табрики фаро расидани мелоди Исо бин Марям (а) ба попи Франсис, раҳбари католикҳо ва ҳамаи масеҳиёни ҷаҳон, гиромидошти ин валодати пурбаракатро фурсате ҷиҳати такрими ҳазрати Марям (с) ва ёдоварии хасоиси ахлоқии усваи навъи дӯстӣ ва башоратдиҳандаи растгории мустазъафон, ҳазрати Масеҳ (а) дар истодагӣ дар баробари зулму ҷабри султагарон ва умедбахше ба ояндае дурахшон барои башарият донист.

Фардо (шанбе), 25 декабр валодати ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) аз паёмбарони бузурги Илоҳӣ аст, ки дар Қуръони Карим мавриди такрими бисёр қарор гирифтааст.

Қуръони Карим дар оёти зиёде ба муаррифии Масеҳ (а) ва ҷойгоҳи эшон ба унвони яке аз паёмбарони улулъазм (соҳиби китобу шариъат) мепардозад.

 

 

 

 

 

 

Барчасп