Генерал Боқирӣ: Таҳдидҳои бепояи режими саҳюнистӣ ҷиддӣ нест
(last modified Sat, 25 Dec 2021 05:26:10 GMT )
Декабр 25, 2021 10:26 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Таҳдидҳои бепояи режими саҳюнистӣ ҷиддӣ нест

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни инки таҳдидҳои режими саҳюнистӣ, ҷиддӣ нест, гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар авҷи омодагӣ ҳастанд.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ дар ҳошияи баргузории марҳалаи ниҳоии размоиши муштараки Паёмбари аъзам (с) 17-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард: Ин размоиш аз қабл тарроҳӣ шуда буд, аммо таҳдидҳои фаровон, вале бепояи сарони режими саҳюнистӣ боис шуд, ки ин размоиш дар ин замони муқарар анҷом шаваду ҷузви муваффақтарин размоишҳои мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон токунӯн буд.

Вай афзуд, дар ин размоиши анвоъи мӯшакҳо аз масирҳои мутафовит, аммо бар рӯй як ҳадафи мушаххас ба таври ҳамзамон ва бо диққати тамом исобат карданду ҳадафи тарроҳишударо дар масофати бисёр дур комилан мунҳадим карданд.

Генерал Боқирӣ ин размоишро танҳо бахше аз тавони мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрони тавсиф ва тасреҳ кард, замоне, ки 16 мӯшак ба як ҳадаф бархӯрд кард бахши кӯчаке аз садҳо мушаке аст, ки метавонад батаври ҳамзамон ба ҳар ҳадафе, ки он кишвари қасди мухосима ва таҳоҷум ба Ҷумҳурии исломиро дошта бошад исобат кунад ва инҳидоми комил эҷод кунад.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон ин таҳдидҳоро намепазирад ва ҳамакнӯн дар ҳоли музокира бо кишварҳо барои пешбурди аҳдофи кишвар аст, таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон омода ҳастанд чунончӣ таҳдиде алайҳи кишвар вуҷӯд дошта бошад, билофосила ва бо диққат ва қотеъияти тамом ба таҳдид посух бидиҳанд ва душманонро сари ҷои худашон бинишонад.

Размоиши Паёмбари аъзам (с) 17, аз рӯзи душанбе ба муддати панҷ рӯз дар савоҳили Халиҷи Форс, Тангаи Ҳурмуз ва минтақаи умумии устонҳои Ҳурмузгон, Бушеҳр ва Хузистон бо ҳузури ягонҳое аз неруҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳаво-фазои сипоҳ ҳамчунин бархе ягонҳои мардумии басиҷи мустазъафини Эрон баргузор шуд.