Ноябр 14, 2016 14:51 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои ҳастаии Эрон ва Русия

Раиси Комиссияи амният ва дифоии Шӯрои федератсияи Русия дар Теҳрон гуфт: Русия ва ҷумҳурии исломии Эрон раванди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи энержии ҳастаиро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои Ирно, Виктор Озеров, раиси комиссияи амният ва дифои Шӯроии федератсияи Русия ва узви ҳайъати парлумонии ин кишвар дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре фаъол дар Ховари Миёна, нақши муҳиме дар мубориза бо терроризм дорад ва шарики хубе барои Русия дар ҳалли буҳронҳои минтақаӣ аст.

Озеров бо ишора ба музокироти ду рӯзаи раиси Шӯрои федератсияи Русия бо раисҷумҳур, раиси маҷлис ва вазири умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон афзуд: Илова бар мавзуи ҳамкории ду кишвар дар заминаи энержии ҳастаӣ, роҳкорҳои густариши равобити дуҷониба ва парлумонӣ ва буҳрони Сурия низ баррасӣ мешавад.

Ҳайъате аз парлумони Русия ба раёсати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи  ин кишвар барои ройзанӣ бо мақомоти олирутбаи Эрон дар садри ҳайъате, асри рӯзи якшанбе вориди Теҳрон шуд.

Раиси Шӯрои федератсияи Русия мақоми сеюми ҳокимият дар ин кишвари пас аз раисҷумҳур ва нахуствазир аст.