Қадрдонии раиси Ҷумҳури Эрон аз баргузории мувафақи размоиши Паёмбари аъзам(с) 17
Декабр 25, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гӯфт, размоиши Паёмбари аъзам(с) 17 нишона аз ирода ва тавони Ҷумҳурии Исломӣ дар дифоъ аз манофеъ ва амнияти миллати Эрон аст.
Оятуллоҳ доктор Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тақдир аз талошҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посдории ҳамзамон аз амнияти миллати Эрон ва миллатҳои минтақа, размоиши Паёмбари аъзам(с) 17-ро нишонаи ошкор аз ирда ва тавонмандии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз манофеъ ва амнияти миллати Эрон баршуморд ва тасреҳ кард:
Ҳаргуна ҳаракати хасмона аз сӯи душманон бо посухи фарогир ва қотеъи неруҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва муъодилоти роҳбурдиро ба сурати маънодор тағйир хоҳад дод.
Барчасп