Эрон ҷузъи кишварҳои эмин дар баробари корона
(last modified Sun, 26 Dec 2021 12:36:43 GMT )
Декабр 26, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузъи кишварҳои эмин дар баробари корона

Узви кумитаи илмии ситоди муқобила бо корона дар Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузъи кишварҳои эмин дар баробари корона шинохта шуд.

Маҷиди Мухторӣ тасреҳ кард, ҳануз ҳам навъи ғолиб дар дунё делтост ва дар кишварҳои аврупоӣ, теъдоди мубталоён дар як миллион ҷамъият бо суръати зиёд боло меравад аммо шароит дар Эрон бисрёр хуб аст.

  • Мухторӣ афзуд, Эрон аз назари густариши навъи Делто, хушбахтона дар вазъияти бисёр хуб қарор дорад ва вазъият ба гунае буд, ки дар байни 14 кишвари эмин ва камхатари корона қарор гирифта аст. Узви кумитаи илмии ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки суръати зиёд шудани навъи Омикрон се барораи Делто аст гуфт, як шахс дар 3 то 7 рӯз 64 нафари дигарро ба навъи Омикрон мубтало мекунад. Мухторӣ бо ишора ба 2 барбар шудани мубталоён ба Омикрон низ гуфт, агар дар як шаҳр як миллион даргири бемори шаванд, ҳудуди 5 то 7 дарсад яъне 70 ҳазор нафар ба муроқибатҳои пизишкӣ эҳтиёҷ доранд, ки ин ду баробар шудани сабаби ворид шудании фишор ба системаи пизишкӣ мешавад.

Узви кумитаи миллии ваксинаи Вазорати беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки навъи ғолиб дар Эрон ҳамчунон делтост таъкид кард, беҳдошти даст, фосилаи иҷтимоъи ва пешгирӣ аз таҷамуъҳо ҳамчуинон дар дастури кор бошад.

 

Бештар бихонед: