Раисӣ: Бадхоҳон дунболи харобкорӣ дар робитаҳои Эрон ва ҳамсоягон ҳастанд
Декабр 27, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Бадхоҳон дунболи харобкорӣ дар равобити Эрон ва ҳамсоягон ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ,Сайидиброҳими Раисӣ дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт : Бар асоси омор содироти маҳсӯлоти ғайринафтии Эрон имсол нисбат ба соли қабл ҳудӯди 40 дарсад афзоиш доштааст.
Раисӣ афзуд : Вақте давлат тамаркузи худро бар густариши таъомулоти иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя қарор дода ва дар ин масир муваффақ низ буда, табиӣ аст ки бадхоҳон ба дунболи харобкорӣ дар равобити Эрон бо ҳамсоягонаш бошанд. Аз ин рӯ бояд нисбат ба ин масаъла ҳушёр буд .
Барчасп