“Рӯдакӣ аз миёни тудаҳо бархест"
Ойини накӯдошти Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар толори Ваҳдати Теҳрон баргузор шуд .
Ин маросим бо талоши муассисаи фарҳангии ЭКО ва бо ҳузури Маҳдии Исмоъилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон ва Сарвар Бахтӣ-раиси муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии муассисаи фарҳангии ЭКО, Сарвар Бахтӣ ، таи суханонӣ дар ин маросим бо баёни инки сурудаҳои Рӯдакӣ беҳтарини бозгукунандаи паёми шеъри порсӣ аст, афзуд : Рӯдакӣ фақат шоири даврони сомониён набуд, балки муъаллими хирадманд, мутарҷим, хонанда ва навозанда маҳсуб мешуд .
Вай ҳамчунин афзуд : Рӯдакӣ аз миёни тӯдаҳо бархест ва бо шӯҳрати бесобиқа дар миёни мардумону дарбори Сомониён ҳузур меёфт ; бо ниёзҳои он даврон ошно буду ашъори худро бар пояи таҷрибаи гузаштагон, муосирон ва мутолиаи осори гаронбҳои ҷаҳон ба риштаи наср кашид .
Ба гуфтаи раиси муассисаи фарҳангии ЭКО шеъри Рӯдакӣ бар замону макони хосе маҳдӯд намешавад ва бо гузашти беш аз ҳазор сол ҳануз ҳам нуқли маҳофили мардумони бохирад аст . Ӯ ниҳояти талоши худро ба харҷ дод то тавонмандиҳои ин забонро ба хонандаи ашъораш бишносанд ва бар он буд, то аз вожагони ғайру бегона дар ашъори худ истифода накунад.
Суханрони бахши дигари ин ойин Ҳисомиддини Толиқонӣ, раиси умумии Созмони нухбагони Афғонистон буд, ки изҳор дошт : Рӯдакӣ падари форсӣ ва устоди ҳама шуъаро аст . Ҳар кадом аз шаҳрҳои бузурги таърихи мо дорои мафохири бузурги фалсафӣ, торихӣ, тамаддунӣ ва бенишӣ ҳастанд .
Вай бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ ба хотири посдорӣ аз арзишҳои бузурги забони порсӣ гомҳои болоӣ бардоштааст, афзуд : Кишварҳои дигар ки мутаъаллиқ ба ин фарҳанги бузурги торихӣ ва тамаддунӣ ҳастанд бояд рисолати худро дарк кунанд .
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар бин Муҳаммад бин Ҳаким бин Абдурраҳмон бин Одам, мутахаллис ба Рӯдакӣ ва машҳур ба устоди шоирон, нахустин шоири машҳури порсисаро дар давраи Сомонӣ дар садаи чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ аст .
Дар ашъори Рӯдакӣ бо бовар ба нопойдорӣ ва бевафои ҷаҳон, андешаи ғанимат шумурдани фурсат, шодӣ ва шоднушӣ рӯбарӯ мешавем. Рӯдакиро нахустин шоири бузурги порсигӯ ва падари шеъри порсӣ-тоҷикӣ медонанд.