Қатори масири Исломобод-Теҳрон-Истамбул дубора роҳандозӣ шуд
(last modified Mon, 27 Dec 2021 08:20:09 GMT )
Декабр 27, 2021 13:20 Asia/Dushanbe
  • Қатори масири Исломобод-Теҳрон-Истамбул дубора роҳандозӣ шуд

Пас аз 12 сол қатори бории ЭКО дар коридури рейлии Исломобод-Теҳрон-Истомбул роҳандозӣ ва вориди Эрон шуд.

Ба гузориши равобити умумии ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон, нахустин қатори  Исломобод-Теҳрон-Истамбул рӯзи якшанбе аз марзи Мирҷова, устони Систону Балучистон вориди Эрон шуд ки баъдан аз марзи Рози ба мақсади Истанбул эъзом мешавад.

Бо таваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷуд ва тавонмандии қобили таваҷҷуҳи бор ҷиҳати ҳамл аз Покистон ба тарафи Туркия ва Аврупо ва баракс, роҳи оҳанҳои се кишвари Туркия, Эрон ва Покистон талоши вижа барои роҳандози қаторҳои барномаи муназам ва ду сарбор дар масири ин каридор ба кор бастанд, ки кутоҳтарин масири  миёни Покистон ва ҷануби Осиё ба тарафи Туркия ва Аврупо маҳсуб мешавад.

Қатори ЭКО ба унвони муъассиртарин масири ҳамли бор метавонад дар густариши содирот ва мубодилоти тиҷорати миёни кишварҳои узви ин каридор, нақши пурранг ифо кунад. Дарозии ин каридори рейли беш аз 6 ҳазору 500 километр аст, ки 1990 километри он дар хоки Покистон, 2603 километр дар хоки Эрон ва 1950 километри он дар хоки Туркия қарор дорад.

Замони ҳаракати қатор дар ин масири рейли камтар аз нисфи замони ҷобаҷоии ҳамли коло дар масири дарёи баровард шудааст.