Эрон бояд ба таври комил аз имтиёзҳои иқтисодии БарҶом бархурдор шавад
(last modified Mon, 27 Dec 2021 09:17:06 GMT )
Декабр 27, 2021 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон бояд ба таври комил аз имтиёзҳои иқтисодии БарҶом бархурдор шавад

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, нефти Эрон бояд ба осонӣ ва бедуни ҳеҷ манъе фурухта ва Ҷумҳурии Исломи битавонад ба таври комил аз имтиёзҳои иқтисодии БарҶом бархурдор шавад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи панҷумин конфронси таърихи равобити хориҷаи Эрон дар Теҳрон, бо ишора ба оғози даври ҷадиди музокироти Вена ва мавзуъи тазмин ва ростиозмоии иҷрои таъаҳудот аз сӯи тарафҳои муқобил ва пайгирии ин мавзуъ аз сӯи Эрон гуфт: Бар асоси гуфтугӯҳое, ки анҷом шуд, музокирот дар бораи санади муштараки ҷадид баргузор мешавад ва аз ҷумла мавзуъоте, ки дар музокироти ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳи Эрон буд масъалаи тазмин ва ростиозмоӣ аст.

  • Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард: Муҳимтарин масалаи зайли вожаҳо ва мавзуъхот ин аст ки нефти Эрон ба осонӣ ва бедуни ҳеҷ манъе фурухта шавад ва пули он ба сурати арзӣ дар ҳисобҳои бонкии Эрон ворид шавад.