Декабр 27, 2021 15:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон заминаҳои тақвияти фанноварии бумиро фароҳам кардааст
    Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон заминаҳои тақвияти фанноварии бумиро фароҳам кардааст

Аз замоне ки маҳсулоти мутанаввеи тавлидии сохти Эрон бо баргузории намоишгоҳҳои зиёд дар кишварҳои минтақаи Қафқози Ҷанубӣ дар маърази диди миллатҳои ин ҳавза қарор дода шуда, тамоюл ба ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва хариди колоҳои эронӣ дар минтақа, ба вижа дар ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон афзоиши чашмгире ёфтааст.

Дар пайи таҳримҳои бесобиқаву ҳаддиаксарии Амрико ва фишорҳои ин кишвар бар муттаҳидони иқтисодиву тиҷории Эрон дар Иттиҳоди Аврупо, мақомҳои Теҳрон истифода аз имконоти дохилӣ бо истифода аз фанновариҳои бумиро дар дастури кор қарор доданд.

Ба ҳамин далел, таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта заминаҳои тақвияти ҳар чӣ бештари тавлидоти санъатӣ, ғизоӣ ва кишоварзии Эронро дар бахшҳои мухталиф фароҳам кардааст.

Дар шароити ҷорӣ Эрон илова бар таъмини ниёзҳои дохилӣ, имкони онро дорад, ки маҳсулоти изофаи тавлидии худро, ки бо колоҳои мушобеҳи ғарбӣ қобили рақобат ҳастанд, ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон содир кунад.

Ба ҳар ҳол, бо содироти колоҳои Эрон ба ҷумҳурии Озарбойҷон, мардуми ин кишвари мусулмон аз колоҳои эронӣ истиқболи хубе карданд. Ба унвони мисол, мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон аз бухориҳо (печка)-и сохти Эрон истиқбол ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кайфияти матлуби бухориҳои эронӣ ибрози ризоият кардаанд.

Дар ҳамин иртибот, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ мазоёи бухориҳои мутанаввеи сохти Эронро дар сафҳаҳои шахсии худ ба иштирок гузошта ва онро ба дигар ҳамватанони худ муаррифӣ мекунанд. Дар айни ҳол, замонат ва хадамоти пас аз фурӯш далели муҳими дигари ризоияти шаҳрвандони ҷумҳурии Озарбойҷон аз бухориҳои мутанаввеи сохти Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом шудааст.

Илова бар ин, дар як соли гузашта ширкатҳои эронӣ бо баргузории чандин намоишгоҳ дар Ереван, тавонистанд назароти мусбати туҷҷори арманиро ҷалб кунанд. Дар ин росто, охирин намоишгоҳи тиҷории Арманистон дар соли 2021 мелодӣ бо ҳузури чанд ширкати эронӣ дар ҳавзаи саноеи ғизоӣ дар Ереван барпо шуд ва чандин ширкати эронии фаъол дар заминаи саноеи ғизоӣ дар ин намоишгоҳи панҷрӯза ширкат карданд. Дар ин намоишгоҳи байналмилалии панҷрӯза низ боздидкунандагон аз ғурфаҳои эронӣ истиқболи камназире карданд.

Ин амр нишон медиҳад, ки маҳсулоти эронӣ ҷойгоҳи матлубе дар иқтисоди Арманистон ба даст овардаанд ва талошҳои мустамари ширкатҳои эронӣ барои муаррифии колоҳои бокайфияти сохти Эрон натиҷабахш ва созанда будааст.

Ба ҳар ҳол бояд гуфт, поёни муноқишаи Қарабоғ фурсатҳои муносибе дар ихтиёри Эрон ва кишварҳои минтақа қарор додааст то туҷҷори минтақа дар шароити муносиб ба беҳбуди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории мутақобил бипардозанд.

Эрон бо ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бештар аз 800 километр марзи муштараки заминӣ дорад ва ин марзҳои тӯлонӣ заминаҳои густариши ҳамкориҳои марзӣ ва мубодилаи колоҳои мутақобилро фароҳам менамояд. Эрон қасд дорад аз тариқи кишварҳои минтақаи Қафқози Ҷанубӣ ҳамкориҳои худро бо кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё густариш диҳад. Дар ин иртибот, мақомҳои Эрон ва Арманистон барои сохти минтақаи вижаи иқтисодӣ дар марзҳои ду кишвар ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

Ин воқеиятро набояд аз назар дур дошт, ки мазияти транзитии Эрон барои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бисёр чашмгир ва қобили тавваҷуҳ аст, ба тавре, ки гуфта мешавад мазияти нисбии заминҳои Эрон барои ду кишвари ҳамсояаш дар маҳдудаи марзҳои шимоли ғарбӣ, бештар аз мазиятҳои нисбии долони стратегии Шимол – Ҷануб аст.

Дар ҳақиқат, шаҳрвандони ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон имкони онро хоҳанд ёфт, ки аз масирҳои рейлӣ ва ҷодаии мавҷуд ба халиҷи Форс ва дарёи Уммон дастрасӣ пайдо кунанд. Ин мазияти нисбии арозии Эрон барои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳатто бо ҳалли муноқишаи Қарабоғ низ дорои аҳамияти фаровоне хоҳад буд.

Дар ҳамин иртибот, Элқор Вализода, коршиноси иқтисодии ҷумҳурии Озарбойҷон бо ишора ба ин ки кишвараш дар ҳоли сохти терминал дар шаҳри марзии Астара аст, ки аз тариқи ин терминал маҳсулоти Эрон ба бозори Русия ва баръакс ва ҳамчунин бозорҳои наздик фурӯхта хоҳанд шуд, гуфт: Табиӣ аст, ки густариши равобити Эрон ва Русия ба афзоиши зарфияти ҳамлунақли ҷумҳурии Озарбойҷон мунҷар хоҳад шуд ва ин амр аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз вазъияти феълии минтақа метавон гуфт, истиқболи мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон аз колоҳои сохти Эрон ва истиқболи мардуми Арманистон аз ғурфаи маҳсулоти ғизоии Эронро метавон муқаддамоти густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон бо ду кишвари ҳамсоя қаламдод кард. Бидуни шак, бо густариши ҳамкориҳои Эрон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, метавон интизор дошт, ки дар соли ояндаи мелодӣ се кишвар шоҳиди ҳамкориҳои матлубтаре бошанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп