Тиҷорати хориҷии Эрон аз марзи 72 миллиарддоллар гузашт
(last modified Tue, 28 Dec 2021 07:23:56 GMT )
Декабр 28, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати хориҷии Эрон аз марзи 72 миллиарддоллар гузашт

Тиҷорати хориҷии Эрон дар 9 моҳи гузашта аз марзи 72 миллиарддоллар гузашт.

Алиризо Муқаддасӣ, сарпарасти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, аз аввали соли ҷории шамсӣ то поёни озар моҳ 112 миллиону 500 ҳазор тонна коло ба арзиши 72 миллиарду 100 миллиондоллар байни Эрон ва дигар кишварҳо мубодила шуд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл аз ҳайси вазн 11 дарсад ва аз ҷиҳати арзиши 38 дарсад рушдро нишон медиҳад.

Муқаддасӣ афзуд: Аз кулли тиҷорати суратгирифта дар муддати мазкур 92 миллион 300 ҳазор тоннаи он ба арзиши 35 миллиард 100 миллион доллар ба содирот ихтисос дорад, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта аз назари вазн 8 дарсад ва аз ҷиҳати арзиши 40 дарсад афзоиш доштааст, ки ин мизон аз кулли содироти як сола соли 99 бештар шудааст.

Вай тасреҳ кард, рушди содироти ғайринафтӣ дар шароити таҳримӣ ва вуҷуди маҳдудиятҳои иқтисодӣ, ҳосили талош ва ҳиммати ҳамаи дастандаркорони ҳавзаи тиҷорати хориҷӣ бавижа фаъолони иқтисодӣ аст ва интизор меравад бо рафъи мушкилот ва сахтиҳои мавҷуд шоҳиди беҳбудии вазъияти тиҷорат дар оянда бошем.

Муқаддасӣ гуфт, маҳсулоти петрошимӣ бо 42 миллиону 400 ҳазор тонна ба арзиши 14 миллиарду 700 миллион доллар муҳимтарин колоҳои содиротии Эрон дар 9 моҳаи соли ҷорӣ буд, ки 46 дарсад аз вазн ва 42 дарсад аз арзиши кулли содиротро ба худ ихтисос дода аст ва рушди 40 дарсадиро нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл таҷруба кардааст.

Вай дар хусуси зиёди мақсадҳои содироти колоҳои эронӣ афзуд: Чин бо 21 миллиону 300 ҳазор тонна коло ба арзиши 10 миллиарду 200 миллион доллар, аввалин шарики тиҷории Эрон буд ва пас аз он Ироқ бо 23 миллиону 500 ҳазор тонна коло ба арзиши 6 миллиарду 800 миллион доллар, Туркия бо 11 миллиону 700 ҳазор тонна ба арзиши 4 миллиарду 100 миллион доллар, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 8 миллиону 300 ҳазор тонна ба арзиши 3 миллиарду 400 миллион доллар ва Афғонистон бо 3 миллиону 300 ҳазор тонна ба арзиши 1 миллиарду 400 миллиондоллар дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.

 

Бештар бихонед: