Лузуми ҳушёрии мусулмонон муқобили сегонаи шуми фитнагарӣ
Марҷаи тақлиди мусулмонон бар лузуми ҳушёрии мусулмонон муқобили сегонаи шуми фитнагарӣ таъкид кард.
Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ бо ишора ба тавтеаҳои душманон дар кишварҳои исломӣ барои эҷоди тафриқа миёни мусулмонон гуфт, имрӯз Амрико ва саҳюнизми ҷаҳонӣ дар пайи идомаи тавтеа дар кишварҳои исломӣ ҳастанд, ба наҳве, ки мебинем ҳар ҷо кишвари мусулмоне ҳаст, тафриқаву ошӯбгарӣ ҳам тарвиҷ мешавад.
Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ афзуд, барои эҷоди фитнагарӣ дар кишварҳои исломӣ, Амрико нақшапардозӣ мекунад, Арабистон ҳазинаҳоро таъмин мекунад ва Исроил ҳам масъули иҷро аст.
Ин марҷаи тақлид бо баёни ин ки Ислом дине комилу ҳамаҷониба аст, гуфт: Имрӯз ваҳдат - масъалае асосӣ аст ва набояд хадшае ба иттиҳоди мусулмонон ворид шавад.