Декабр 30, 2021 08:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳамосаи нуҳуми дай

30 декабр баробар аст бо солрӯзи ҳузури ошӯроии мардуми ҳамосасозу вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дайи соли 1388 ҳиҷрии шамсӣ, ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилобу барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсӯб мешавад.

Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009), ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат(безорӣ), аз сохторшиканони ҷомеъа ва посӯхе қотеъ ба фитнагароне буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Ҳамосаи 9 дай, намоди иззат, истиқлолу басирати мардумӣ аст, ки то пойи ҷон барои ҳифзи усӯли ислом ва ормонҳои инқилоб истодаанд ва бо садои расо эълом карданд, агар душман дар баробари дини онҳо боистад дар баробари тамоми дунёи онҳо хоҳанд истод.

Нуҳуми дай дар таърихи Инқилоби Исломӣ бо унвони рӯзи «басират» табдил ба явмуллоҳ ва мондагор шуд; дар ин рӯзи мондагору таӯрихии миллати ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломӣ, ҳамосае дигар офариду душманони Худо ва динашро маъюсу ноумед сохту қалби имом Маҳдӣ (а) ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаиро шод кард.

Метавон  гуфт, нуҳуми дай, рӯзи ғалабаи артиши илоҳӣ бар артиши шайтон ас ; рӯзи хуруши миллати Эрону ошкор сохтани хашми муқаддас дар баробари иҳонатҳо ва ҳурмати шиканиҳои иддае ғофилу муздӯри вобаста ба аҷониб нисбат ба муқаддасот дар рӯзи ошӯрои ҳусайнӣ (а) аст.
Мардуми Эрон дар ин рӯз, тири халосро ба сарони фитна шиллек ва пушти пайкари номубораки фитнаро ба хок молидаанд.

Дар рӯзи нуҳуми даймоҳи 1388 ҳиҷрии шамсӣ, машрӯъияти сиёсии низоми исломии Эрон бори дигар бо ҳузури худҷӯши даҳҳо миллионии мардум дар Теҳрону дигари шаҳрҳои Эрони исломӣ ба ҷаҳониён эълом шуд.

 

Барчасп