Декабр 30, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи ёдмони шаҳид Сулаймонӣ дар Наҷафи Ашраф

Намоишгоҳи ёдмони шаҳидон сардори сипаҳбуд Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар остонаи дуюмин солгарди шаҳодати фармондеҳони пирӯзи муқовимат дар Наҷафи ашраф гушоиш ёфт.

Дар ин намоишгоҳ маҷмӯъае аз аксу ёдмонҳои фармондеҳони пирӯзи муқовимат сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ ва шаҳид Ал Муҳандис дар маъраз диди умум қарор гирифтааст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.