Раисӣ: Шаҳид Сулаймонӣ намоди басират ва пойбандӣ ба вилоят аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар дифоъ аз марзҳои дин ва ҳарими дин ва истодагӣ ва муқовимат намоди басират ва пойбанд будан ба паймони вилоят аст.
Сайид Иброҳими Райсӣ рӯзи шанбе дар сухононе дар кунгураи байналмиллалии бузургдошти аллома Мисбоҳи Яздӣ дар Теҳрон афзуд: Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ба унвони як марди дар майдон, ҳамроҳии амалии худро нишон дод ва дар дифоъ аз марзҳои дин ва ҳарими дин ва истодагӣ ва муқовимат ба унвони як намоде аз басират, як рамзи пойбанд будан ба паймони вилоят аст.
Райсӣ ҳамчунин бо тамҷид аз шахсияти аллома Мисбоҳи Яздӣ изҳор кард: Оятулло Мисбоҳи Яздӣ ҳам дар ҳавзаи худошиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳам дар ҳавзаи идеалогия, ақида ва ақоидшиносӣ ва ҳам ҳавзаи осибшиносӣ дорои назар ва назария буданд ва китобҳои бисёр қобили истифода низ доштанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Оятулло Мисбоҳи Яздӣ дар арсаи фикру андеша ва назарияпардозӣ намоди басират ва мисоқ бо вилоят ва дар амал ва иҷро ҳам мисли ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ буданд.
Оятулло Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, муҷтаҳид, бунёнгузор ва раиси муассисаи омузишӣ ва пажуҳишии имом Хумайни, намояндаи мунтахаби мардуми устони Хуросони Разавӣ дар маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, узви собиқи шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ, узви ҷомеъаи Мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, раиси собиқи шурои олии Маҷмаъи ҷаҳони Аҳлибайт ва яке аз устодони ҳавзаи илмияи Қум 12 дай соли 1399 дида бар ҷаҳон фуру баст.
Бештар бихонед: