Аз сар гирии парвозҳои мустақими Лоҳур-Машҳад
Ҳавопаймои миллии Покистон парвозҳои мустақими худро дар масири Лоҳур-Машҳад аз сар гирифта аст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, аз Исломобод, Аршад Молик, раиси ҳавопаймоии миллии Покистон (PIA) гуфт: Парвозҳои мустақим дар масири Лоҳур маркази иёлати Панҷоби Покистон ба шаҳри муқаддаси Машҳад дар устони Хуросони Разавӣ дар шимоли шарқи Эрон аз чаҳоршанбе шаб 29 декарб аз сар гирифта шуд.
Ба гуфтаи ин мақоми покистонӣ пас аз 5 сол тавақуф, аввалин парвоз дар масири Лоҳур ба Машҳад анҷом шуд.
Созмони ҳавопаймоӣ миллии Покистон эълом кард, ба зудӣ барномаи дақиқи парвозҳои ҳафтагӣ дар масири Лоҳур-Машҳад ва ҳамчунин парвози Карочи-Машҳадро эълом мекунем.
Бо аз саргирии парвозҳо интиқоли зоирон ба Машҳади муқаддас осон мешавад.