Январ 02, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Паёми равшани

Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ паёми равшани размоиши " Паёмбари аъзам-17 "-ро ба лафзбозиҳои мақомоти режими сохтагии саҳюнистӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Рамазони Шариф гуфт : Размоиши Паёмбари аъзам-17 ва иҷрои муваффақи сенариюҳои ҳадафманди ин размоиш пас аз авҷгирии лафзбозиҳои мақомоти саҳюнистӣ паёми равшани ин размоишро ба душманони инқилоби исломӣ ва миллати Эрон ба вижа режими сохтагии саҳюнистӣ мунтақил кард . Сухангӯи Сипоҳи посдорон тасреҳ кард : Ин размоиш бо ҳамоҳангии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё ( с ) ва масъӯлони кишварӣ ва Шӯрои олии амнияти миллии Эрон анҷом шуд .

Генерал Шариф бо ишора ба айёми дуюмин солгарди шаҳодати сардор шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ гуфт : Маънавият, ихлос, ҳубби аҳли байт ( ъ ), фидокорӣ ва шуҷоати ҳоҷӣ Қосим забонзади ҳамагон буд.
Сухангӯи Сипоҳи посдорон афзуд : Сардор Сулаймонӣ дар майдони набард муҷоҳиди хастагинопазир ва шуҷоъ, фармондеҳи бодироят ва тезҳуш буд ва дар канори ин вижагиҳо худро сарбози вилоят ва ходими миллат медонист ва ҷамеъи ин фазойили ахлоқӣ ҳоҷӣ Қосимро ба сардори дилҳои миллионҳо инсон на танҳо дар Эрон, балки дар ҷой-ҷои ҷаҳон мубаддал кардааст .

 

Барчасп