Сардор Сулаймонӣ дар баробари ҳеҷ абарқудрат ва зургӯӣ сар хам накард.
(last modified Sun, 02 Jan 2022 13:23:25 GMT )
Январ 02, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Сардор Сулаймонӣ дар баробари ҳеҷ абарқудрат ва зургӯӣ сар хам накард.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт: Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ дар баробари ҳеҷ абарқудрат ва зургӯӣ сар хам накард ва дар муқобили онҳо то охирин нафас истод ва нақшаи онҳоро хунсо кард

Муҳаммадбоқири Қолибоф дар нишасти алании маҷлис афзуд: Паҳлуҳои  гуногуни зиндагии ӯ бар асоси роҳу равише танзим шуда буд, ки имом Хумайни(р) бо фаҳми дақиқи худ аз исломи ноби Муҳаммадӣ(с) ба миллати Эрон омухт.

  • Қолибоф ихлоси камназир ва эътиқоди қалбӣ ба тавони мардум ва ҳамчунин бовари амиқ ва бархоста аз омузаҳои динӣ ба усули мо метавонемро аз вижагиҳои мунҳасир ба фарди сардор Сулаймонӣ баршумурд ва гуфт, имрӯз низ ба баракати хуни ӯ ва хуни муҷоҳидони мухлисе ҳамчун шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис, Амрико дар остонаи ихроҷи комил аз минтақа қарор гирифта аст.
  • Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки мардумбоварӣ дар мактаби Сулаймонӣ яъне дар ҳар лаҳза фақат дар андешаи ҳалли мушкилоти мардум будан ва парҳез кардан аз ҳар навъ фуруъ ва ҳошияе, ки инсони инқилобиро аз ҳалли мушкилоти мардум дур кунад, афзуд сардор Сулаймонӣ дар ҳар майдоне, ки ҳозир мешуд мояи умедворӣ ва эътиқод ба нафси мардум буд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ, 3 январи 2020 дар ҳоли ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ " Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.