Роҳпаймоӣ ба ёди шаҳид Сулаймонӣ дар масири масҷиди Ҷамкарон
Ақшори мухталифи мардуми Қум ба ишқи шаҳид Сардор Қосими Сулаймонӣ масири масҷиди Ҷамкаронро бо худрав ва пои пиёда тай карданд ва ёди ин фармондеҳи шаҳидро гироми доштанд.
Ба гузориши Садои Хуросон, ақшори мухталифи мардуми Қум аз ҷумла тулоби хориҷӣ ба муносибати саввумин солгради шаҳид Сулаймонӣ масири булвори Паёмбари Аъзам (с) то масҷиди Ҷамкарон пиёда ва бо худрав ва ба ҳамроҳ доштани тасвири ин фармондеҳ паймуданд ва бар роҳи шаҳид Сулаймонӣ таъкид карданд.
Ҷавонон ва донишомӯзон дар ин маросим ҳузӯри пурранг доштанд ва иловабарин тасовири шаҳид Сардор Сулаймонӣ, парчамҳое ба номи аҳлубайту исмату таҳорат (а) низ ҳамроҳ доштанд.
Мардуми саросари Эрон севвуми январи 2023 дар маросимҳои мухталиф саввумин солгарди шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ ба вижа дар Мусалои бузурги Теҳрон гироми дошти ёду хотираи шаҳид Сардор Сулаймонӣ дар Теҳрон баргузор шудааст.
Сардор шаҳид Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, саввуми январи соли 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамалаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористӣ Амрико наздики фурудгоҳи Бағдод, ба ҳамроҳи Абу Маҳди Алмуҳандис ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.
Бештар бихонед: