Маросими солгарди шаҳид Сулаймонӣ дар Қум бо ҳузури толибилмони хориҷӣ
Маросими гиромидошти дуюмин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар Қум (воқеъ дар ҷануби устони Теҳрон) баргузор шуд.
Ба гузориши “Эрон пресс”, маросими гиромидошти дуюмин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш якшанбешаб бо ҳузури пуршӯри мардум, ҷамъе аз масъулон ва туллоби хориҷӣ дар шабистони имоми Хумайнӣ (раҳ) –и ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар Қум баргузор шуд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи аршади ҷабҳаи муқовимат сеюми январи 2020 бо дастури давлати вақти Амрико дар ҳамлаи мушакӣ бо паҳподи амрикоӣ ҳангоми ҳузур дар Ироқ барои анҷоми сафари корӣ дар масири фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи ёронаш шаҳид шуд.
Бештар бихонед:
- Шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва шитоб гирифтани уфули мавқеияти Амрико дар ғарби Осиё
- Амрико омили аслии террори сардор шаҳид Сулаймонӣ аст