Бо эъломи Федератсияи ҷаҳонии Карате: Капитани каратеи Эрон дар рутбаи нахуст
(last modified Mon, 03 Jan 2022 06:40:06 GMT )
Январ 03, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Бо эъломи Федератсияи ҷаҳонии Карате: Капитани каратеи Эрон дар рутбаи нахуст

Капитани тими миллии Каратеи мардони Эрон, радаи нахусти ринкинги вазни 84 - килограми ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.

Бо оғози соли мелодии ҷадид, тозатарин радабандии Каратеи Коҳо аз сӯи Федератсияи ҷаҳонӣ эълом шуд ва бар асоси омори мунташиршуда, беҳтарин ҷойгоҳ дар миёни каратеи Эрон мутааллиқ ба Забеҳуллоҳи Пуршеб, капитани тими миллии мардон аст, ки бо 8437 имтиёз радаи нахусти рнкинги вазни 84 - килограмро ба худ ихтисос додааст.

Саҷҷоди Ганҷзода тилои каратеи Эрон дар бозиҳои олимпӣ низ бо 5617 имтиёз дар радаи дувуми вазни 84 + килограм қарор дорад.

Дар бахши бонувон низ Ҳамидаи Аббосалӣ низ бо 5482 имтиёз дар радаи сеюми вазни 68 + килограм қарор гирифт.

Интишори тозатарин ринкинг дар шароите аст, ки тими миллии бузургсолони Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 2021 ба мизбонии Иморот ғоиб буд.