Таҳлил: Шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва суст шудани мавқеъияти Амрико дар ғарби осиё
(last modified Mon, 03 Jan 2022 07:57:32 GMT )
Январ 03, 2022 12:57 Asia/Dushanbe
  • Яке аз шохисаҳои мумтози муқовимат,гуфтумони зидди истикбори ва зидди саҳюнистии он аст
    Яке аз шохисаҳои мумтози муқовимат,гуфтумони зидди истикбори ва зидди саҳюнистии он аст

Имрӯз севвуми январи 2022 мусодиф бо дуввумин солрӯзи террори сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи даргузаштаи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб тавассути давлати Амрико аст.

Бомдоди севвуми январи 2022 буд ки хабари иқдоми ҷинояткоронаи давлати Амрико ,дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймониро ба ҳамроҳи шуморе аз ҳамроҳонаш аз ҷумла Абумаҳдӣ ал-Муҳандис,ноиб раиси" Ал-Ҳашду Шаъбӣ" террор кард.

Бардошту дарки душман ба хусус Амрико ва режими саҳюнисти ин буд,ки бо террори сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, ба унвони муҳимтарин фармондаҳи муқовимат,имкони тавақуфи қудратёби муқовимат дар даврони кишварҳо ва дар сатҳи минтақа фароҳам ва натанҳо заминаи ҷилвагири аз барҳам хурдани мавзани қудрати минтақа балки заминаи маъкус шудани он зидди меҳвари муқовимат фароҳам мешавад.

Бо ин ҳол, таҳавулоти дусолаи  охир собит кард бори дигар душманони муқовимат муртакиби  бардоштани ноқис ва нодурӯст аз боварҳои мазҳабии он шуданд. Шаҳодати сардор Сулаймонӣ беш аз ҳар мавзӯъи собит кард ,ки яке аз шохисаҳои мумтози муқовимат, гуфтмони зидди истикбор ва зидди саҳюнистии он аст,ки беш аз ҳама реша дар боварҳои мазҳабии муқовимат дорад ,ки султа намепазирад ва мубориза бо султагаронро низ ба унвони як асл сарлавҳаи кори худ дорад.

Шаҳодати сардор бо тавақуф ё суст шудан дар мубориза бо истикбори саҳюнизм мунҷар нашуд балки танҳо ду рӯз пас аз ин ҷинояти Амрикоиҳо, парлумони Ироқ тарҳи хуруҷӣ низомиёни амрикоӣ аз ин кишварро тасвиб кард. Рӯзи 24 -уми январ тазоҳуроти миллиони зидди амрикоӣ дар Бағдод баргузор шуд.

Илова бар ин даргири миёни гурӯҳҳои муқовимат ва низомиёни Амрико ба рухдоди рӯзона дар Ироқ табдил шуд ва давлати Амрико дар 5 моҳ пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ маҷбур шуд давраи ҷадиди аз музокиротро бо давлати Бағдод дар хусуси вазъияти низомиёни амрикоӣ оғоз кунад,музокироте,ки ниҳоятан ба тағғири вазъияти низомиёни амрикоӣ дар Ироқ аз "разми "ба "мусташори" анҷомид.

Ҳатто аз низомиёни амрикоӣ дар поёни соли2021 ба таври воқеъи аз Ироқ хориҷ нашуда бошанд,боз ҳам пазириши тағғири моҳияти фаъолияти онҳо ба манзалаи ин аст ,ки Амрико ва низомиёни он дар минтақаи ғарбӣ осиё натанҳо "амниятсоз" нистанд балки бо "муъзали амният" мавоҷеҳ ҳастанд. Иллати аслии пазириши тағғири моҳияти ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ,нигарони бобати амнияти онҳо ва гирифтани тазминҳои амнияти аз давлати Ироқ буд.

Бо ин ҳол,ба назар мерасад ҳамонгуна,ки Амрико шикаст дар Афғонистонро пазируфт ва низомиёни худро аз ин кишвар хориҷ кард,ба зуди муҷавиз ба хуруҷи комил ва воқеъии низомиёни худ аз Ироқ мешаванд.

Дар ҳамин росто, Фолеҳ -Ал Файёз "Falih Al-Fayyadh" раиси Созмони Ал-Ҳашду Шаъбӣ дар суханоне ба муносибати дуввумин солгарди шаҳодати Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ-Ал Муҳандис эълом кард,ки террори шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис,боис хоҳад шуд,ки ҳеҷ низомии амрикоӣ дар Ироқ боқи намонд.

Ин вазъият гӯйёи он аст,ки пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ,ғарбӣ осиё ба самти убур аз назм ҳаракат мекунад,ки нусхаи он тавассути   Амрико печида мебошад. Ин паёмади муҳим ва роҳбурдии шаҳодати сардор Сулаймонӣ аст ва чунин паёмаде низ сабаб мешавад,ки мақоми муаззами раҳбарӣ бар ин нукта таъкид карданд,ки "шаҳид Сулаймонӣ барои душманон хатарноктар аз сардор Сулаймонӣ аст"

Бештар бихонед: