Хатибзода: Номи сардор Сулаймонӣ ба унвони як қаҳрамон ҷовидона медурахшад
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме навишт: Иёлоти муттаҳида буздилона сардор Сулаймониро террор кард, аммо номи ӯ ба унвони як қаҳрамони ҷовидона, ки манбаи илҳоми наслҳои оянда хоҳад буд, беш аз ҳар замони дигаре медурахшад.
Саъиди Хатибзода дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ ба муносибати дуюмин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ афзуд, Эрон то замоне, ки муҷримонро дар пешгоҳи адолат ҳозир нанамояд, аз ҳеҷ кӯшише фурӯгузор нахоҳад кард.
Вай хотирнишон кард, маъмурияти шаҳид Сулаймонӣ барои поён додан ба ҳузури мухарриби Амрико идома дорад, чаро, ки минтақа аз ҳар замони дигаре бедортар шудааст.
Душанбе сеюми январи 2022 мусодиф бо 13 даймоҳи соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ, солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ буд.
Сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳди Алмуҳандис муъовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ва теъдоде аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа 3 январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.