Вокуниши Эрон ба иддаои ҳузури Алқоида дар Эрон
(last modified Tue, 26 Jul 2016 08:05:47 GMT )
Июл 26, 2016 13:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба иддаои ҳузури Алқоида дар Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаои Амрикоро дар бораи ҳузури се нафар аз масъулони гурӯҳи террористии Алқоида дар хоки Эрон рад кард ва гуфт: "Эрон ҳамвора бар азми росихи худ барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид кардааст".

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба иддаои Амрико дар хусуси ҳузури Алқоида дар Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба изҳороти ахири як мақоми амрикоӣ дар бораи ҳузури се нафар аз масъулони гурӯҳи террористии Алқоида дар Эрон гуфт: "Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеч иттилое аз ҳузури ин афрод дар хоки худ надорад".

Қосимӣ таъкид кард: "Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар азми росихи худ барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид карда ва ба тааҳҳудоти байналмилалии худ дар ин замина пойбанд будааст".

Баҳроми Қосимӣ ҳамчунин афзуд: "Амрико ба ҷойи куллигӯӣ, бояд бо ба иштирок гузоштани иттилооти дақиқ, заминаи ималии муборизаи ҳамоҳанги байналмилалиро бо гурӯҳҳои террористӣ фароҳам кунад".